Додгоҳе дар Узбакистон 11 нафарро бо ҷурми узвият дар як гурӯҳи бунёдгарои мазҳабӣ аз 5 то 12 сол маҳкум ба зиндон кардааст. Гурӯҳи “Ҷиҳодизм” дар вилояти Намангон – як бахши водии ошӯбзадаи Фарғона, ки байни Узбакистону Тоҷикистон ва Қирғизистон тақсим шудааст, амал мекард. Мақомоти узбак мегӯянд, “Ҷиҳодизм” аз оғози солҳои 90 ба таблиғи ақидаҳои тундрави исломӣ дар ин минтақа машғул буд.