Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Нақшаи сулҳ"-и Абдуллоҳ Оҷалон


Абдуллоҳ Оҷалон (акс аз соли 1999)

Абдуллоҳ Оҷалон (акс аз соли 1999)

Мақомоти Туркия мегӯянд, раҳбари зиндонии чирикиҳои курд Абдуллоҳ Оҷалон тарҳи сулҳеро таҳия кардааст, ки тибқи он, ҷангиёнаш дар моҳи март бо эълони оташбас силоҳҳои худро мегузоранд ва то моҳи август тарки Туркия хоҳанд кард. Бино ба хабарҳо, Оҷалон ба навбаи худ интизор дорад, ки Туркия 300 фаъоли курдро аз зиндон раҳо сохта, ҳуқуқи курдҳоро дар Қонуни асосии ҷадид дарҷ хоҳад кард. Вале нақшаи Оҷалон мухторияти Курдистонро фаро намегирад.
Муовини сарвазири Туркия Булент Оринҷ рӯзи чоршанбе гуфт, Оҷалон тарҳи сулҳашро ба раҳбарони ҳизби коргарии Курдистон ва ҳизби низ курдгарои сулҳу демократия фиристодааст. Вакили парлумон Назмӣ Гӯр тасдиқ кард, ки ҳизби сулҳу демократия номаи Оҷалон бо “пешнависи нақшаи сулҳ”-ашро дарёфт кардааст. Оҷалон аз соли 1999 дар зиндон аст. Дар ҷангҳо байни чирикиҳои ҳизби коргарӣ ва нирӯҳои Туркия то имрӯз ҳудуди 40 000 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG