Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рум мизбони анҷумани "Дӯстони Сурия" мешавад


Ҷон Керрӣ ва Лоран Фабиус
Ҷон Керрӣ ва Лоран Фабиус
Имрӯз дар Рум, пойтахти Итолиё, анҷумани “Дӯстони Сурия” баргузор мешавад. Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ дирӯз дар Порис дар пайи мулоқот бо раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд ва вазири хориҷа лоран Фабиус гуфт, Амрикову Фаронса роҳҳои суръат додани раванди гузариши сиёсӣ дар Сурияро меомӯзанд. Керрӣ гуфт, ин масъала дар анҷумани Рум баррасӣ хоҳад шуд. Қарор аст, дар ин ҳамоиш намояндагони даҳҳо кишвар бо раҳбарони умдаи мухолифини режими Башор Асад роҳҳои хатми низоъи дусолаи Сурияро баҳс кунанд. Матбуоти Амрико аз қавли мақомоти амрикоиву аврупоӣ гуфт, Амрико дар остонаи тасмимгирӣ ҷиҳати ироаи ёриҳои ғайриҷангӣ ба бархе гурӯҳҳои мухолифи Асад қарор дорад.
XS
SM
MD
LG