Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шашяки ҷиноятҳо дар Маскав кори муҳоҷирон будааст


Дар Маскав ҳар ҷинояти шашуми ошкоршуда кори дасти мардуми омад будааст. Додситони пойтахти Русия Сергей Куденеев бо зикри ин омор афзуд, ки шумори ҷиноятҳое, ки муҳоҷирон содир мекунанд, назар ба соли 2009 ду маротиба коҳиш ёфта ва дар соли 2012 дар Маскав бо дасти мардуми омад ҳамагӣ 8402 амали ғайриқонунӣ рух додааст.
Константин Ромодановский, раиси Хадамоти муҳоҷирати Русия дар ҳамин ҳол гуфт, атбоъи хориҷӣ соли гузашта дар Русия 42 700 ҷиноят кардаанд, ки назар ба як соли қабл 5,1 дарсад камтар аст.
XS
SM
MD
LG