Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Виза бо Осиёи Марказӣ як амри нолозим аст"


Хадамоти муҳоҷирати Русия ҷорӣ кардани виза бо кишварҳои Осиёи Марказиро амре нолозим номид. Екатерина Егорова, муовини раиси ин идора гуфт, виза тамосҳо бо мардуми русзабонро, ки ҳанӯз дар кишварҳои пасошӯравӣ зиёданд, мушкил мекунад. Хонум Егорова гуфт, масъалаи виза паҳлуҳои сиёсӣ ҳам дорад ва Маскавро ба бозбинии паймонҳои байналмилалиаш мукаллаф хоҳад кард. Ахиран вакилони ҳизби коммунисти Русия дар Думаи давлатӣ тарҳи қонунеро таҳия карданд, ки ҷорӣ кардани виза бо Узбакистону Қирғизистон ва Тоҷикистонро талаб мекунад. Ҳар сол танҳо аз Тоҷикистон то 1 миллион нафар барои кор ба Русия мераванд. Хадамоти муҳоҷирати Русия мегӯяд, 400 000 тоҷик дар ин кишвар ғайриқонунӣ ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG