Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА ва Фаронса роҳҳои хатми низоъ дар Сурияро меҷӯянд


Ҷон Керрӣ ва Лорент Фабиус

Ҷон Керрӣ ва Лорент Фабиус

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, гуфт, ки Вошингтон ва Порис роҳҳои зудтари интиқоли қудрати сиёсӣ дар Сурияро пажуҳиш мекунанд. Ӯ рӯзи чаҳоршанбе дар Порис бо раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд ва вазири умури хориҷии кишвар Лорент Фабиус дидор диду гуфтугӯ кард.

Ҷон Керрӣ дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои фаронсавияш гуфт, ки мавзӯи интиқоли қудрати сиёсӣ фардо, 28 феврал, дар нишасти “Дӯстони Сурия” дар Рум баррасӣ хоҳад шуд. Дар ҷараёни нишаст дар пойтахти Италия сарони даҳҳо кишвар ва раҳбарони мухолифини ҳукумати Сурия роҳҳои хатми низои дусола дар ин кишвари арабиро ҷустуҷӯ мекунанд.
XS
SM
MD
LG