Пайвандҳои дастрасӣ

Охирин ниёиши Бенедикти 16 дар мақоми Попи Рум


Попи Рум Бенедикти 16 рӯзи чаҳоршанбе охирин ниёиши худро дар майдони назди ибодатгоҳи Пётри муқаддас дар Ватикан доир кард, ки дар он тақрибан 200 ҳазор нафар ҳузур доштанд.

Бенедикти 16 гуфт, вақте дар бораи истеъфо тасмим мегирифт, то куҷо ҷиддӣ ва нав будани онро дарк мекард. Ӯ афзуд, ки баъд аз истеъфо ҳам ӯ мутаалиқ ба калисо хоҳад монд. Аз ин пеш намояндаи Ватикан изҳор намуд, ки баъд аз тарки мақом Бенедикти 16 “Попи фахрӣ” унвон хоҳад гирифт. Баъд аз соати 8-и шоми рӯзи панҷшанбе, 28 феврал, Бенедикти 16 дигар Попи Рум нахоҳад буд.

Бенедикти 16 сабаби истеъфоро, ки бори аввал дар тақрибан 600 соли ахир дар калисои католикӣ рӯй додаст, бо пиронсолӣ ва камқувватӣ рабт додааст.

Дар Ватикан ҳадс мезананд, ки Попи нави Рум шояд то шурӯи Пасха ё Иди Пок интихоб шавад.
XS
SM
MD
LG