Пайвандҳои дастрасӣ

Озмуни лоиҳаи нави аквапарки Душанбе эълон шуд


Ҳукумати Душанбе барои анҷоми сохтмони нотамоми аквапарк дар маркази шаҳр озмун эълом кардааст, ки дар гузашта боиси баҳси миёни шаҳрдорӣ ва як ширкати туркӣ шуда буд. Дар қарори Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аз рӯзи 21 феврал, ки имрӯз нашр шуд, омадааст, довталабон - ширкатҳои дохиливу хориҷӣ то 6 апрел фурсат доранд, тарҳҳои худро барои баррасӣ ба ҳайъати доварони озмун фиристанд. Лоиҳаи беҳтаринро ба эҳтимоли ғолиб рӯзи 13 апрел эълон мекунанд ва бар тибқи муқаррарот иҷрокунандаи тарҳ баъди маълум шудани лоиҳаи беҳтарин интихоб мешавад.

Сохтмони нотамоми ин макони тафреҳӣ, ки начандон дур аз кохи раиси ҷумҳур ва дар соҳили рӯдхонаи Душанбе воқеъ шудааст, тақрибан 9 сол пеш аз тарафи ширкати туркии «Эмек иншаат» оғоз шуд, ки баъдан онро нотамом гузошт ва Тоҷикистонро тарк кард. «Эмек иншаат» соли 2004 дар озмуни бунёди аквапарки Душанбе пирӯз шуд ва барои сохтмони он аз ҳукумати пойтахт 2 миллиону 500 ҳазор доллар гирифт. Аммо баъди шурӯи сохтмон ва овардани бахше аз маҳсулоти сохтмонӣ, ки ҳанӯз ҳам дар маҳалли аквапарки оянда дида мешаванд, «Эмек Иншаат» барои сохмтон аз ҳукумати Душанбе 2 миллион 900 ҳазор доллари изофӣ талаб кард, ки дар натиҷа миёни ду тараф баҳс бархост.

«Эмек Иншаат» низ сохтмонро нотамом гузошт ва Тоҷикистонро тарк кард. Ҳукумати шаҳри Душанбе соли 2005 аз болои ширкати мазкур ба додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон шикоят кард ва додгоҳ амр дод, то «Эмек Иншаат» ба ҳукумати шаҳри Душанбе 6 миллиону 200 ҳазор доллар ҷуброни молӣ бипардозад. Аз ин пештар дар соли 2004 дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ширкати мазкури туркиро ба додгоҳи иқтисодӣ кашид ва қазияро ба нафъи худ ҳал кард. Додгоҳи Олии Иқтисодии Тоҷикистон ба «Эмек Иншаат» амр дода буд, ки якуним миллион доллар ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ товон бипардозад, вале ҳарду фармон ҳам иҷро нашудаанд.
XS
SM
MD
LG