Пайвандҳои дастрасӣ

Алмаато боз мизбони музокироти Эрон ва "шашгона" мешавад


Даври навбатии музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон миёни ҳайати эронӣ ва намояндагони “шашгона” - ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон рӯзҳои 5-6 апрели соли равон боз ҳам дар Алмаато баргузор хоҳад шуд.

Дар ин бора раҳбари сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон хабар дод ва гуфт, ки ба посухи мусбии Эрон ба пешниҳоди “шашгона” умедвор аст. Хонум Эштон аз боз кардани ҷузъиёти пешниҳод то ошно шудани Теҳрон бо он худдорӣ кард. Аз ин пештар гуфта мешуд, “шашгона” пешниҳод кардааст, ки таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон дар ивази қатъи то 20 дар сад ғанигардонии уранум коҳиш дода шавад. Ин меъёри ғанигардонии ураниум, аз нигоҳи Ғарб, ба Теҳрон имкони дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро медиҳад.

Саид Ҷалилӣ, раҳбари ҳайати Эрон дар музокироти ҳастаӣ, гуфт, пешниҳоди феълии ҷомеъаи ҷаҳонӣ назар ба пешниҳоди қабли “воқеъитар” аст. Ӯ омодагии Эрон барои баррасии мавзӯи ғанигардонии ураниумро тасдиқ кард ва аммо имкони баста шудани корхонаи ғанигардонии ураниум дар Фордобро баъйид донист.

Дар нишасти Алмаато тасмим гирифта шуд, ки қабл аз даври навбатии музокирот рӯзҳои 17 ва 18 март дар шаҳри Истамбул машварати коршиносон оид ба барномаи ҳастаии Эрон баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG