Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як дигарандеши ӯзбак дар Қирғизистон ғайб зад


Санади паноҳандагии Шӯҳрат Мусин
Санади паноҳандагии Шӯҳрат Мусин
Шӯҳрат Мусин, як паноҳандаи ӯзбак, ки дар Қирғизистон ба мебарад ва мавриди пайгарди мақомоти Ӯзбакистон қарор дорад, ду ҳафта боз ғайб задааст. Дар ин бора хонуми ӯ рӯзи чаҳоршанбе ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Шӯҳрат Мусин 29 сол дорад ва соли 2008 дар Қирғизистон мақоми паноҳандагӣ гирифт. Ӯ соли 2007, ду сол баъд аз ҳаводиси хунини зодгоҳаш шаҳри Андиҷон, аз таъқиби мақомоти Ӯзбакистон гурехта дар Қирғизистон панаҳ бурд. Соли 2011 мақомоти Ӯзбакистон аз Бишкек талаб намуданд, ки Шӯҳрат Мусинро истирдод кунад, зеро ӯ узви Ҳаракати исломии Ӯзбакистон аст. Аммо Додситонии кулли Қирғизистон ба ин талаби Тошканд ҷавоби рад дод.

Хонуми Шӯҳрат Мусин мегӯяд, ки дар бораи ғайб задани шавҳараш ҳафтаи гузашта ба идораи полиси Бишкек хабар дод, аммо ҷустуҷӯи ӯ то ҳол шурӯъ нашудааст.

Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch аз мақомоти Қирғизистон хост, ки барои пайдо кардани Шӯҳрат Мусин аз чораҳои оҷил кор бигиранд.
XS
SM
MD
LG