Пайвандҳои дастрасӣ

Машварат оид ба барномаи ҳастаии Эрон дар Истамбул мегузарад


Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон даври навбатии музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон миёни ҳайати эронӣ ва намояндагони “шашгона” - ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон поён ёфт. Дар гуфтушунид раҳбари бахши сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон ҳам ширкат дошт.

“Шашгона” пешниҳод кард, ки таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эон дар ивази қатъи то 20 дар сад ғанигардонии уранум коҳиш дода шавад. Ин меъёри ғанигардонии ураниум, аз нигоҳи Ғарб, ба Теҳрон имкони дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро медиҳад.

Дар нишасти Алмаато тасмим гирифта шуд, ки рӯзҳои 17 ва 18 март дар шаҳри Истамбул машварати коршиносон оид ба барномаи ҳастаии Эрон баргузор шавад.
Эрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш фақат аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG