Дар шаҳри Кобул як маргталаб худро дар канори автобусе инфиҷор кард, ки низомиён савори он буданд.
Намояндаи полиси пойтахти Афғонистон Ҳишматулло Станикзай гуфт, ки ҳамла соати 7-у 10 дақиқаи субҳ сурат гирифт ва дар ин ҳодиса панҷ корманди вазорати дифоъ ва як ғайринизомӣ ҷароҳат бардоштанд. Сухангӯи вазорати умури дохилӣ Давлат Вазирӣ гуфт, маргталаб мехост вориди автобус шавад ва чун пеши раҳашро гирифтанд, худро тарконид.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон”, изҳор намуд, ки ҳамла аз сӯи мусаллаҳони ин ҷунбиш анҷом дода шудааст. Ба иддаои ӯ, дар ин ҳодиса 17 нафар ба ҳалокат расида ва 17 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.