Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба неругоҳҳои хурд рӯй меорад?


Давоми ҳафт соли оянда дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 200 адад неругоҳҳои хурд бунёд мегардад.

Ин матлаб рӯзи чоршанбеи 27-уми феврал зимни баргузории ҳамоиши «Рушди неругоҳҳои хурд дар Тоҷикистон» эълом шуд.

Ин ҳамоиш бо ибтикори вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ба муносибати «Рӯзи неругоҳҳои хурд дар Тоҷикистон» баргузор шуд, ки дар кори он масъулони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, мутахассисону коршиносон ширкат карданд.

Масъулони вазорати энергетика гуфтанд, ки дар чорчуби Барномаи давлатӣ барои солҳои 2009 -2020, бунёди 200 неругоҳи хурд дар назар аст. Ба гузориши ин вазорат, то кунун дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 300 адад неругоҳҳои хурд мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки ниёзи сокинонро бо барқ бароварда месозанд.

Аммо тибқи иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, аз ҷумлаи 305 нерӯгоҳи хурд, ки тавони тавлиди 25,5 ҳазор киловат соат нерӯи барқро доранд, танҳо 202 адади он фаъол аст. Зеро ба таъкиди ин оҷонсӣ, неругоҳҳои кучак умдатан дар минтақаҳои куҳистонӣ сохта шудаанд, ки дар фасли зимистон об нест.

Ба ин далел Агентии сохтмон ва меъморӣ дар таҳияи таҳияи лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои хурд тағйирот ворид карда ва ҳама имконоти ҷуғрофӣ ва шароити табии маҳал ба инобат гирифта мешавад.

Ҳамзамон дар нишасти Душанбе Консепсияи сармоягузорӣ ба сохтмони неругоҳҳои хурд маврид баррасӣ қарор гирфт, ки ширкаткунандагони он мехоҳанд то ҷалби сармоя ба бунёди ин неругоҳҳо бештар карда шавад.

Ҳамасола дар рустоҳои Тоҷикистон сар аз нимаи тирамоҳ то фасли баҳор маҳдудияти барқрасонӣ ҷорӣ мегардад, зеро нерӯгоҳи аслии кишвар “Норак” ниёзи ҳама сокинони кишвар ба нерӯи барқро бароварда намекунад. Шояд яке аз сабабҳои рӯй овардани кишвар ба бунёди неругоҳҳои хурд низ ҳамин бошад.


ТАФСИЛОТИ БЕШТАР ДАВОМИ РӮЗ НАШР МЕШАВАД
XS
SM
MD
LG