Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати мақомоти Иcроил дар Тоҷикистон


Як ҳайати ҳукумати Исроил рӯзи сешанбе вориди Тоҷикистон шуд. Қарор аст ин ҳайати иборат аз мақомоти вазорати умури хориҷа, кишоварзӣ ва энержии Исроил бо мақомоти тоҷик дар мавриди роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба суҳбат кунанд. Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 27-уми феврал ба «Озодӣ» гуфт, ки ин ҳайат таҳти роҳбарии муовини мудири кулли Вазорати хориҷаи Изроил Анна Азарӣ шоми сешанбе вориди Тоҷикистон шуд.
Дар чаҳорчубаи барномаи сафар қарор аст, рӯзи чоршанбе ин ҳайат дар Вазорати кишварзии Тоҷикистон дар робита ба ҳамкории ду кишвар дар бахши кишоварзӣ, бо мақомоти тоҷик пойи мизи музокира биншинад. Сипас ҳайати мазкур бо намояндагони Вазорати энергетика гуфтугӯ дошта ба дунболи он дар Вазорати хориҷаи кишвар гуфтгӯи дуҷонибаи ҳайатҳо баргузор мешавад. Интизор меравад рӯзи 28-уми феврал ҳайати мақомоти исроилӣ Тоҷикистонро тарк кунад.
XS
SM
MD
LG