Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуштигирон медалҳои олимпиро бармегардонанд


Гуштигири доғистонӣ Саид Муртазоалиев мегӯяд, ба нишони эътироз аз ихроҷи гуштӣ аз рӯйхати намудҳои асосии бозиҳои олимпӣ медали тилоии олимпиро ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ бармегардонад. Паёми кушодаи Муртазоалиев рӯзи сешанбе дар шаҳри Махачқалъа нашр шуд. Ӯ дар бозиҳои олимпии шаҳри Сидней дар соли 2000-ум ҷои аввал гирифтааст. Моҳи равон Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуштиро ах рӯйхатинамудҳои асосии бозиҳои олимпии соли 2020-ум берун кашид. Акнун гуштӣ дар миёни ҳафт намудаи дигари варзиш аст, ки бояд барои шомил шудан ба рӯйхати олимпӣ талош варзанд. Баъди ин эълон раиси иттиҳодияи байналмилалии гуштӣ ба истеъфо рафт. Раиси иттиҳодияи гуштии Булғористон бошад, медали тилои бозиҳои олимпиро, ки худ замоне касб намудааст, ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ баргардондааст.
XS
SM
MD
LG