Пайвандҳои дастрасӣ

Муттакӣ мехоҳад президенти Эрон шавад


Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва Манучеҳри Муттакӣ ( аз рост)

Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва Манучеҳри Муттакӣ ( аз рост)

Собиқ вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ эълон кард, ки дар интихоботи президентии 14-уми июн барои ишғоли курсии раёсатҷумҳурӣ талош меварзад. Паёми Муттакӣ рӯзи сешанбе интишор гашт. Муттакӣ аз моҳи августи 2005-ум вазифаи вазири умури хориҷии Эронро бар дӯш дошт, вале моҳи декабри соли 2010-ум президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ӯро ногаҳонӣ дар ҷараёни зиёраташ аз Сингапур барканор намуд. Тибқи баъзе хабарҳо собиқ фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон Муҳсин Ризоӣ ва шаҳрдори Теҳрон Боқир Қолибоф ишора кардаанд,к и мехоҳанд барои курсии раёсатҷумҳурӣ талош варзанд. Президенти феълии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ду давр паиҳам раисҷумҳур интихоб шудааст ва дар интихоботи навбатӣ ҳаққи сабқат надорад.
XS
SM
MD
LG