Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси барномаи ҳастаии Теҳрон идома меёбад


Рӯзи аввали музокироти барномаи ҳастаии Теҳрон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон бидуни кадом пешрафти назаррас ба анҷом расид. Эрон ва шаш кишвари нерӯманди олам мувофиқат кардаанд, ки рӯзи чоршанбе музокиротро давом диҳанд. Майкл Манн, сухангӯи Кэтрин Эштон-раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, гуфтушунид “судманд” будааст.
Манн меафзояд:
Мо имрӯз бо Эрон музокироти судманде доштем. Фардо дар нишасти муштарак соати 11 –и субҳ гуфтушунид идома хоҳад ёфт.”
Эштон аз номи ИМА, Британия, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон бо Эрон музокирот пеш мебарад. Ҳашт моҳ пеш музокироти барномаи ҳастаии Эрон дар Маскав бидуни пешрафт хотима ёфта буданд. Дар даври ҳозираи музокирот пешбинӣ мешавад, ки кишварҳои нерӯманд ба Эрон пешниҳод хоҳанд кард, ки аз ғанигардонии уран даст кашида, ба баъзе имтиёзҳои иқтисодӣ роҳ ёбад.
Кишварҳои ғарбӣ ташвиш доранд, ки Эрон тавассути ғанигардонии уран имкон хоҳад дошт, ки силоҳи ҳастаӣ тавлид намояд, вале мақомоти Эрон исрор меварзанд, ки барномаи ҳастаии Теҳрон ҳадафҳои мулкӣ дорад.
XS
SM
MD
LG