Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи Сенат аз номзади Обама пуштибонӣ кард


Ҷэк Лю

Ҷэк Лю

Рӯзи сешанбе кумитаи молияи Сенати ИМА аз номзадии Ҷэк Лю, ки аз тарафи президенти ин кишвар Барак Обама ба вазифаи вазири молияи ИМА пешбарӣ шудааст, пуштибонӣ кард. Рӯзи чоршанбе номзадии Лю дар ҷаласаи васеи Сенат арзёбӣ мешавад. Дар Сенат демократҳо аксарияти овозҳоро дар ихтиёр доранд ва ба қавли коршиносон Лю бидуни мушкилӣ дар вазифаи вазири молия тасдиқ хоҳад шуд. Лю, собиқ раиси дастгоҳи президент Обама буда, назорати буҷҷетро дар даври аввали раёсатҷумҳурии Барак Обама ва президенти собиқ Бил Клинтон бар дӯш доштааст.
XS
SM
MD
LG