Пайвандҳои дастрасӣ

Гаравгонҳои русу украинӣ раҳо шуданд


Полиси Нигерия мегӯяд, шаш маллоҳи хориҷӣ, аз ҷумла се украинӣ ва ду рус, ки аз сӯи гурӯҳи мусаллаҳ ба гарав гирифта шуда буданд, бидуни пардохти маблағе раҳо гаштанд. 17-уми феврал дар тахминан 65 километрии соҳили вилояти саршор аз нафти Баелса гурӯҳи силоҳбадаст болои киштии онҳо ҳамла карда, ба қавли полиси Нигерия барои раҳоии гаврагонҳо як миллиону сесад ҳазор доллар талаб кард. Полис таъкид мекунад, ки нерӯҳои амниятӣ дар ҷустуҷӯи гурӯҳи гаравгонгир буданд ва аз ин рӯ, силоҳбадастон рӯзи душанбе гаравгонҳоро раҳо карданд. Дар ҷануби Нигерия, ки захираҳои бузурги нафт дорад, гаравгонгирии коргарони хориҷӣ рӯ ба афзоиш аст. Моҳи равон камаш панҷ ҳодисаи гавравгонгирӣ ба қайд гирифта шуд. Одатан гаравгонҳо баъди пардохти пул озод мешаванд.
XS
SM
MD
LG