Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқотҳои Ҷон Керрӣ дар Берлин


Ҷон Керрӣ ва Гвидо Вестервелле
Ҷон Керрӣ ва Гвидо Вестервелле
Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ дар ҷараёни нахустин сафари хориҷиаш дар Берлин бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва мақомоти дигари ин кишвар буҳрони Сурия ва баҳси ҳастаӣ бо Эронро баррасӣ кардааст. Керрӣ баъд аз дидор бо ҳамтои олмониаш Гвидо Вестервелле гуфт, пешниҳодҳои ҷомиаи ҷаҳонӣ тадбирҳои сӯдмандеро дар бар мегиранд, ки Эронро ба иттихози тадбирҳои мушаххас ташвиқ хоҳанд кард. Қарор аст, Керрӣ дар Берлин бо ҳамтои русаш Сергей Лавров низ мулоқот кунад. Нахустин дидори Керрӣ бо Лавров ба ҳайси вазири хориҷа дар ҳолест, ки равобити Вошингтон бо Маскав бар сари буҳрони Сурия ва манъи фарзандхонии кӯдакони рус барои атбоъи амрикоӣ танишолуд шудааст.
XS
SM
MD
LG