Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Мақомоти Русия дафтарҳои РусАл – бузургтарин ширкати алюминсозии дунёро дар Маскав ҷустуҷӯ кардаанд. Сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ин амалиёт бахше аз таҳқиқи парвандаи сарпечӣ аз пардохти молиёт аст. Дар баёнияи кумита гуфта мешавад, ки РусАл ба худдорӣ аз пардохти молиёт ба маблағи 200 миллион рубл(6,5 миллион доллар) дар солҳои 2008 ва 2009 гумонбар мешавад. РусАл дар изҳороташ гуфт, ин ҷустуҷӯ натиҷаи «даъвоҳои бебунёд»-и мақомоти андоз алайҳи РусАл ва раҳбарияти ин ширкат аст.
XS
SM
MD
LG