Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон қоидаҳои ахлоқи мухлисони футболро қабул кард. Тоҷикистон чӣ?


Мухлисони дастаи "Хайр"-и Ваҳдат.

Мухлисони дастаи "Хайр"-и Ваҳдат.

Ба мухлисони футбол дар Узбакистон иҷозат дода шудааст, ки ба тамошои бозӣ ба варзишгоҳ бо баннер ё лавҳаи таблиғотӣ, сурнай ва нақора оянд.

Қоидаҳои ахлоқи тамошогарон (мухлисон) ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ оид ба футбол бо фармони Вазорати фарҳанг ва варзиши Узбакистон тасдиқ шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти ин вазорат ба “Интерфакс” хабар додааст.

Дар ин ҳуҷҷат ҳуқуқу вазифаҳои мухлисони футбол муфассал зикр шудааст. Масалан, онҳо метавонанд ба варзишгоҳ барои дастгирии футболбозон бе маҳдудият бо атрибутика ё рамзҳои расмии бошгоҳ, баннерҳо (шиорҳои таблиғотӣ) ва парчамҳо, дастгоҳҳои аккосӣ, телефонҳои мобилӣ, сурнай ва табл биёянд.

Вале ба мухлисон ранг кардани рӯй ва дигар узви бадан, партофтани ҳама гуна ашёҳо ба майдон ва ба сӯи футболбозон мамнӯъ аст. Ҳамчунин, ба мухлисон иҷозат дода намешавад, ки ба иншооти варзишӣ дар ҳолати сархушӣ оянд, дар ин ҷо нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол намоянд, тамоку кашанд, суханҳои қабеҳ гуфта, дашном диҳанд ва ҳаракатҳои ноҷо кунанд. Дар варзишгоҳ машъал афрӯхтан, аз маводи пиротехникӣ истифода кардан, силоҳ, ашёҳои нӯгтез ва бурранда овардан қатъиян манъ аст.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои “Озодӣ” гуфт, “ҳоло мо чунин ҳуҷҷат қабул накардаем. Ва аммо тасмим гирифтаем, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Федератсияи футболи кишвар дар бораи қоидаҳои одоби мухлисони футбол ҳангоми бозӣ ва баъди анҷоми он дар варзишгоҳ ҳуҷҷати муштарак қабул намоем. Масъалаи танзими ахлоқи мухлисони футбол дар варзишгоҳ барои мо низ яке аз масъалаҳои муҳим аст. Зеро солҳои ахир дар баъзе варзишгоҳҳо мухлисони футбол ҳангоми тамошои бозиҳо бетартибӣ карда,ба унвони доварону футболбозону мураббиён суханони қабеҳу носазо гуфта, ҳатто онҳоро мавриди латукӯб қарор додаанд. Бинобар ин, мо бояд барои чунин қоидавайронкуниҳо чораҳои қатъӣ биандешем”.

Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, роҷеъ ба ин масъала ба радиои “Озодӣ” чунин гуфт: “дар Регламент ё дастури гузаронидани чемпионат ва Ҷоми Тоҷикистон, ки онро ҳамасола Федератсияи футболи кишвар тасдиқ мекунад, барои ахлоқи мухлисони футбол дар варзишгоҳ бошгоҳҳои футболе, ки мизбонони бозиҳо ҳастанд, ҷавобгаранд. Онҳо якҷоя бо кормандони милиса барои тартиботи ҷамъиятӣ масъуланд. Вале, ба назари ман, ҳоло ба қабули ҳуҷҷате ниёз дорем, ки дар он ҳуқуқу вазифаҳои мухлисони футбол ва кормандони милиса дар варзишгоҳ ба таври мушаххас зикр ёбанд. Аз ин рӯ, ба андешаи ман, қабули ҳуҷҷати муштарак аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Федератсияи футболи кишвар роҷеъ ба ин масъалаи муҳим айни муддаост.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG