Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорат: Зарурати дубора ҷорӣ кардани "Маърифати исломӣ" нест


Вазорати маорифи Тоҷикистон зарурати дубора ҷорӣ намудани таълими китоби «Маърифати исломӣ» дар мактабҳоро рад кард.

Дар мизи гирде, ки рӯзи 26-уми феврал бо ибтикори Оҷонсии иттилотии «Азия Плюс» ва созмони IWPR дар мавзуи «Вазъи таълими динӣ дар Тоҷикистон: бурдҳо ва бохтҳо» баргузор шуд, коршиносон масъалаи зарурати ворид кардани китоби «Маърифати исломӣ» дар барномаи таълимии мактабҳои ҳамагониро баҳс карданд. Дар ин нишаст намояндагони Кумитаи дин, Вазорати маориф, Маркази исломшиносии Тоҷикистон ва коршиносони масоили мазҳабӣ ширкат кардаанд.

Гуруҳи исломшиносон ва марказҳои исломшиносии Тоҷикистон дар ин нишасти ба Вазорати маориф пешниҳод карданд, ки гуруҳи корӣ таъсис дода ва китоби "Маърифати исломӣ" такмил ва дар мактабҳо ҷорӣ карда шавад.

Шерзод Абдуллоев, ноиби раиси Макази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфт, китоби қаблие, ки дар мактабҳои ҳамагонӣ барои хонандагони синфҳои ҳашт ва нуҳ таълим дода мешуд, ба сину соли хонандагон мувофиқ набуд. Бинобар ҳамин пешниҳод кард, ки он дар синфҳои ибтидоӣ ва ё то мактабӣ таълим дода шавад.

Аммо Абдусаттор Одинаев, масъули Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати маъорифи Тоҷикистон гуфт, ки таҷрибаи нахустини ҷорӣ шудани таълими «маърифати исломӣ» нишон дод, ки натиҷаи дилхоҳ ба даст наомад.
Вай афзуд, ки китоби «Маърифати исломӣ», ки нашр шуда буд мушкил дошт ва вазорат дар назар надорад, ки ин фанро дубора ҷорӣ кунад.

Вазорати маорифи Тоҷикистон дар соли 2009 китоби «Маърифати исломӣ»-ро ҳамчун фанни дарсӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ҷорӣ кард ва дар авохири ҳамон сол таълими онро аз мактабҳо бардошта буд.
XS
SM
MD
LG