Пайвандҳои дастрасӣ

Ин навиштаи муаллифи блоги "Мардикорнома" (http://ilhom.wordpress.com/) дар Фейсбук тарафдорони зиёд пайдо кардааст.

Дӯсти руси ман, Ваня, ҳамеша бо ман баҳс мекунад. Боре гуфт, вақте мебинад, ки муҳоҷирони тоҷик хурдтарин фикри худро ба русӣ гуфта наметавонанд ва дар ин ҳолат ба “тупой” монанд мешаванд, барояш гуфтам:

–Медонам, ҳоло ҳатто Думаи давлатӣ беқарор шудаву мехоҳад, ҳамаи муҳоҷирон русиро донанд. Аммо, ин фақат аз тоҷикону узбакҳову қирғизҳо талаб мешавад. Аз чиноиҳо ё курёиҳо чунин талаб карда намешавад.
Лекин, Иван, ту достони “Мусои доно”-ро медонӣ?
— Не, нашунидаам.
— Пас, гуш кун, то бароят бигӯям.

Рӯзе аз рӯзҳо, Муллошо ва Мусо ба таъмири хонаи як бойбача, ё худ”олигарх”оғоз карданд. Чунин фармоиш ба ҳар кас насиб намекунад ва ба Мусо ин корро як миёнарави рус, ки солҳо бо ӯ робита дошт, пайдо кард.

Олигарх дар аввал қатъиян намехост, хонаи уро муҳоҷирони тоҷик тармим кунанд. Гӯё бисёр шунида буд, ки кори онҳо сифат надорад. Вале миёнарав, ки заҳмати самимона ва босифати Мусоро борҳо дида буд,”олигарх”-ро бовар кунонид, ки ҳама чиз “тип-топ” мешавад.

Рузи аввали кор.”Олигарх”дар иҳотаи панҷ муҳофиз ва котиби айнакдораш ба Муллошову Мусо бисёр нописандона, гуё аз осмони ҳафтум менигарист ва ҳамаи ҷузъиёти корро танҳо бо миёнарав суҳбат мекард. Масолеҳи сохтмонӣ, аз кабили гаҷхок (шпаклёвка), гаҷтахта (гипсокартон), хокаҳои ҳамвор кардани фарш, сафолакҳо, сир (ламинат), регкоғаз (наждак), рангу ширеш ва деворнигораҳо (обои)-ро оварданд. Қариб ҳамаи онҳо тавлиди Олмон буданд.

Муллошову Мусо чусту чобук масолеҳро ба дохил кашонданд ва ҳар навъро дар гӯшае чиданд.”Олигарх”бо миёнарав масолеҳро аз назар гузаронда, онро ситоиш мекард, ки беҳтарин дар Аврупост. Котиби “олигарх” ҳар бастаро медид ва ба дафтари калони рӯйи дасташ чизе менавишт.

Ин дам маълум шуд, ки баъзе аз ин масолеҳ, монанди гаҷхок(шпаклёвка) ва ламинат дастурамали русӣ надоранд. Ин мавзӯъро каме суҳбат карданд ва олигарх пеш аз рафтанаш ба миёнарав як коғази панҷҳазора дода, хоҳиш кард бо ин пул тарҷумоне биёрад ва дастурамалҳоро ба русӣ гардонанд. На котиб ва на касе аз ҳамроҳони “олигарх” натавонистанд, ин матнҳоро хонанду фаҳманд.

Миёнарав ба Мусо нигарист ва гуфт, то тарчумон овардани у корро сар накунанд. Мусо, ки танҳо акнун ба баҳси байнихудии русҳо сарфаҳм рафт, ҳайрон шуда пурсид, ки тарчумон ба онҳо чй даркор аст?

–Магар нафаҳмидй. Аввал дастурамали баъзе аз ин масолеҳро ба русӣ тарҷума кард, то нафаҳмида, ҳама корро расво накунед, — гуфт миёнарав.

Мусо қуттии ламинатро гирифта, ба дастурамали он нигарист. Он бо забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, англисӣ ва арабӣ буд, аммо на ба русӣ. Мусо матни англисиро ҷумла ба ҷумла хонда, ҳамзамон ба русӣ нақл кард ва гуфт, ки ин ламинат низ чун ламинатҳои дигар муқаррарист, фарқе надорад ва барои устоҳои собиқадор хондани дастурамали он зарур нест.

Миёнарав бо чашмону даҳони калон кушода, дар ҳайрат монда буд. Коғазро аз дасти Мусо гирифта нобоварона пурсид, ки дар куҷояш ”пеш аз насб бояд 48 соат дар ҳамон ҳуҷра истад” омадааст? Мусо бо ангушташ ишоракунон ҳамон ҷумларо аз нав хонда, ин дафъа вожа ба вожа тарҷума кард.

Акаи Муллошо, ки ором ба кашмакаши онҳо нигоҳ мекард гуфт:

–Вы што? Наш Мусо пят язык знает. Вищи абразавани!

Аз чеҳраи миёнарав бараъло аён буд, ки аз забондонии Мусо огоҳ набудааст ва руй ба акаи Муллошо оварда:

-- Я не знал. Я в шоке! Молодцы, ребята! Молодцы! Тогда вот вам две тысячи за перевод. Это вне договора. Сам хозяин для перевода оставил,”– гуфт ва аз ҳамёнаш ду ҳазор рубл бароварда, ба Мусо дароз кард.
— Нет, нет. За что? Не надо! Я не трудился за это,– гуён Мусо пулро рад кард.

Акаи Муллошо дарҳол ҷаҳида омада,”Пачему не нада? Нада, нада! Перевод тоже работа”– гӯён пулро аз дасти миёнарав гирифт ва ба Мусо нигариста гуфт, “Мусоҷон, хурокпулй мешавад-ку!”

Мусо ва миёнарав ба акаи Муллошо нигариста, ҳар се хандиданд...

Аммо ҳамсуҳбати ман, дустам, Ваня, аз ин ҳикоят каме шарм кард ва бо узрхоҳӣ гуфт, ки хато кардааст.

Аз блоги "Мардикорнома"

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG