Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишти баҳории ғалла дар Тоҷикистон оғоз ёфт


Дар Тоҷикистон кишти баҳории ғалла оғоз ёфт. Дар вазорати кишоварзӣ ба “Азия Плюс” гуфтаанд, ки имсол барои кишти ғалла, аз ҷумла барои кишти тирамоҳӣ, 304 200 ҳектар замин ҷудо шудааст. Кишти тирамоҳиро дар 199 748 ҳектар анҷом додаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 1,2 миллион тонна ғалла ҷамъоварӣ шуд, ки 801 000 тоннаашро гандум ташкил медод. Вале ин барои пур кардани бозори дохилӣ кофӣ нест ва Тоҷикистон то 70 дарсади эҳтиёҷоташ ба орду гандумро аз ҳисоби воридот ва умдатан бо орду гандуми Қазоқистон пур мекунад.
XS
SM
MD
LG