Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои ҳукми тӯлонӣ барои Айёмбеков ва Муродов


Айбдоркунандаи давлатӣ барои Оқил Айёмбеков – гумонбари асосӣ дар қатли генерал Абдулло Назаров - аз додгоҳ 17,5 сол ва барои шарики ӯ Ҳамза Муродов 16,5 соли зиндон хост. Файзи Олӣ, вакили Айёмбеков ин ҳукмро беш аз ҳадд хонда, вакили Муродов гуфтааст, ки ӯ танҳо шоҳиди ин ҳодиса буд ва дар ҳаракатҳояш ҷиноят ҷой надошт. Додгоҳи ин гумонбарон пушти дарҳои баста дар Хоруғ идома дорад. Қатли раиси идораи амнияти вилояти Бадахшон Абдулло Назаров дар моҳи июли соли 2012 амалиёти низомие дар Хоруғро дар пай дошт, ки даҳҳо кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG