Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як ҳиндӣ бо гумони ҷосусӣ барои Покистон


Пулиси Ҳинд мегӯяд, як ҳиндиро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Покистон дастгир кардааст. Ба гуфтаи пулис, Сумархонро дар наздикии маҳалли баргузории машқҳои рӯзи ҷумъаи нирӯҳои ҳавоии Ҳинд гирифтаанд. Ин марди 35-сола ба ирсоли маълумот ба Исломобод дар бораи машқҳои низомии мавсум ба “Мушти оҳанин” айбдор мешавад. Дар ин машқҳо дар аёлати бо Покистон ҳаммарзи Раҷастон ҳам раисиҷумҳури Ҳинд Пранаб Мухориҷӣ ва ҳам сарвазир Мунмаҳон Сингҳ ҳузур доштанд.
XS
SM
MD
LG