Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаҳон аз музокирот бо Эрон интизори зиёд надорад


Майкл Манн

Сухангӯи раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон гуфт, қудратҳои ҷаҳонӣ аз музокироти ҳастаӣ бо Эрон дар Алма-Атои Қазоқистон интизороти зиёд надоранд. Ин шарҳи Майкл Манн баъди оғози ин нишаст нашр шуд. Эштон масъули тамосҳо байни Эрон ва 6 қудрати ҷаҳонӣ – Амрико, Русия, Чин, Бритониё, Фаронса ва Олмон – аст. Даври қаблии ин музокирот, ки моҳи июн дар Маскав гузашт, низ натиҷае наовард. Интизор меравад, қудратҳои ҷаҳонӣ дар Алма-Ато ба Эрон дар ивази қатъи ғанисозии уран, ки метавонад барои сохтани бомби ҳастаӣ ҳам истифода шавад, имтиёзҳои нав пешниҳод кунанд. Эрон қасди сохтани бомб доштанашро радд карда, мегӯяд, ҳаққи ғанисозӣ бо ҳадафҳои сулҳомезро дорад. Нишасти Алма-Ато, қарор аст, рӯзи чоршанбе идома ёбад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG