Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабаргузории эронии "Fars news" акси хонуми аввали Амрико Мишел Обама аз маросими эътои ҷоизаҳои Оскарро “фотошоп” карда, баъзе қисматҳои урёни бадани ӯро пӯшондааст.

Ҳамсари президенти Амрико Барак Обама дар ин маросим, ки шаби 24 феврал доир шуд, либоси нуқрагуни беостинеро ба бар карда буд, ки маҳсули тарроҳи ҳиндитабори амрикоӣ Наимхон будааст.

Дар аксе ки дар сомонаи расмии Кохи Сафед нашр шуд, Мишел Обама дар як пироҳани беостин намудор мешавад. Аммо дар аксе ки Fars news нашр кард, мебинем, ки ба ин пироҳан остин илова кардаанд.

Ин акси хонул Мишел Обама аст, ки хабаргузории "Форс"-и эронӣ нашр кардааст.

Ин акси хонул Мишел Обама аст, ки хабаргузории "Форс"-и эронӣ нашр кардааст.

Fars news, ки ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон марбут мешавад, таъкид кардааст, ки аз сӯи Мишел Обама эълон шудани “филми зиддунақиз ва зиддиэронии “Арго” ба ҳайси барандаи ҷоизаи Оскар ба беҳтарин наққош аз сӯи Мишел Обама як амри ғайриоддӣ буд. Маъмулан барандагони ҷоизаҳои Оскарро худи ҳунармандони Ҳолливуд эълон мекунанд.

Ин хабаргузорӣ ҳамчунин гуфт, ки ин филм маҳсули ширкати “саҳюнистӣ”-и Warners Bros. Entertainment аст. “Арго” достони раҳоии 6 дипломати амрикоиест, ки соли 1979, дар айни ҷӯши инқилоби исломии Эрон дар қароргоҳи сафири Канада дар Теҳрон паноҳ бурда буданд. Ин филми сохтаи Бен Аффлек ҷоизаи Оскар барои беҳтарин филми солро низ ба даст овард.
Аз замони ба бозор даромадани филм дар моҳи октябр, матбуоти Эрон “Арго”-ро ҳамчун як тасвири ноҳаққи ҳаёти Эрон баъд аз инқилоби исломӣ ба боди интиқод мекашанд.

Имод Бурнот, коргардони фаластинӣ бо ҳамроҳии ҳамсар ва писараш.

Имод Бурнот, коргардони фаластинӣ бо ҳамроҳии ҳамсар ва писараш.

Аммо дар ҳоле ки Fars news аз либоси Мишел Обама хушаш наомад, пироҳани ҳамсари коргардони фаластинӣ Имод Бурнатро, ки филми мустанади “5 камераи шикаста”-аш низ номзад ба Оскар буд, баръакс хеле истиқбол кардааст.

Хабаргузорӣ дар шарҳи либоси ин хонум навишт, “як нуқтаи ҷолиб дар ин маросим ҳузури ҳамсари коргардони фаластинӣ бо ҳиҷоби исломист... Фарқ байни пироҳани ҳамсари Бурнат дар маросими Оскар ва либосе, ки занони ҳунарпешаи эронӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ ба тан мекунанд, қобили муқоиса аст.”

Ин ожонсӣ дар бисёр мавридҳо занони ҳунарпешаи эрониро айбдор мекунад, ки дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ меъёрҳои сатри исломиро дуруст риоя намекунанд. Fars news аз онҳо даъват кардааст, ки аз ҳамсари Имод Бурнат ибрат бигиранд.

Аммо оё чунин мавридҳои “фотошоп”-и аксҳои а назари мақомоти Эрон, “урён”-и занони маъруфи хориҷӣ дар гузашта ҳам дида мешуд? Ва азбаски масъала фақат акс нест, оё филмҳои хориҷӣ дар Эрон ба чӣ сурат намоиш дода мешаванд- низ бо “фотошоп”? Ва зимнан худи занони эронӣ то куҷо ба сатри исломӣ риоят мекунанд? Ин суолҳоро дар як сӯҳбат бо Бобак Ғафурии Озар, шореҳи Радиои Фардо – бахши форсии Радиои Озодӣ – дар миён гузоштам:


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG