Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Натоиҷи зиддунақизи интихоботи Итолиё


Пйер-Луиҷӣ Берсанӣ

Пйер-Луиҷӣ Берсанӣ

Ягон ҳизб дар интихоботи парлумонии Итолиё орои кофие ба даст наовард, ки ба осонӣ ҳукумат ташкил кунад. Эътилофи марказу чапгарои Пйер-Луиҷӣ Берсанӣ дар интихоботи маҷлиси поёнии парлумон бар эътилофи муҳофизакорон ба раҳбарии сарвазири собиқ Силвио Берлусконӣ каме бартарӣ дошт. Онҳо дар интихоботи Сенат ҳам каме пешдастанд, вале барои касби аксарияти парлумонӣ оҷизӣ мекашанд. Берсанӣ бо иддаои пирӯзӣ гуфт, Итолиё дар «як вазъи хеле ҳассос» қарор дорад. Ба таври ғайриинтизор, чоряки оро насиби ҷунбиши мардумгарои “5 ситора” ба раҳбарии танзгӯ Бепе Грилло шуд. Шореҳон мегӯянд, фалаҷии давлат дар севумин иқтисоди бузурги минтақаи евро метавонад буҳрони қарзи ин минтақаро дубора оташ диҳад.
XS
SM
MD
LG