Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти нав бо Эрон. Имрӯз ва дар Алма-Ато


Бо гузашти 10 сол аз оғози музокироти барномаи ҳастаии Эрон, интизорот аз даври нави ин музокирот дар Қазоқистон низ хеле андак аст. Намояндагони 6 қудрати ҷаҳонӣ – Амрико, Русия, Чин, Бритониё, Фаронса ва Олмон – имрӯз дар Алма-Ато бо ҳайъати Эрон музокирот доранд. Даври қаблии ин музокирот, ки моҳи июн дар Маскав гузашт, танҳо бо таъйиди «фарқи бузург» байни ҷонибҳо ба поён расид. Таҳлилгарон мегӯянд, нишасти имрӯза натоиҷи начандон бештаре аз он хоҳад дошт. Қудратҳои ҷаҳонӣ мехоҳанд, ки Эрон қабл аз коҳиши таҳримот ғанисозии уранро мутаваққиф кунад. Эрон мегӯяд, ҳаққи ғанисозӣ бо ҳадафҳои сулҳомезро дорад ва таҳримоти байналмилалӣ ба мардуми оддӣ таъсир мерасонад.
XS
SM
MD
LG