Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

CPJ аз ҳукми додгоҳ дар нисбати "Имрӯзнюс" нигаронӣ кард


Кумитаи дифоъ аз журналистон ё СPJ, аз ҳукми додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар мавриди нашрияи Имрӯзнюс, ки дар паси дарҳои паста сурат гирифтааст, изҳори нигаронии амиқ кардааст. Музаффар Сулаймонов, намояндаи Кумитаи дифоъ аз журналистон ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки сабаби изҳори ташвиши онҳо дар он аст, ки «мурофиаи додгоҳӣ алайҳи нашрияи "Имрӯзнюс" пӯшида сурат гирифтааст. Вай таъкид кардааст, ки ҷаримае, ки додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои «Имрӯзнюс» таъин кардааст, ба фаъолияти ин нашрия таъсири амиқи ҷиддӣ хоҳад расонид. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 25-уми феврал баҳси додгоҳии Рустам Ҳукумов, писари раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон бо нашрияи «ИмрӯзNews»-ро ба нафъи Рустам Ҳукумов ҳал кард ва нашрияро ба пардохти 50 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ муваззаф намуд. Баҳси додгоҳии Рустам Ҳукумов бо нашрияи «ИмрӯзNews» сари мақолаи Назири Нусрат бо номи «Боқиев ва Ҳукумов: писароне, ки «дарди сар»-и падар шуданд» бармеояд, ки 16 октябри соли 2012 дар ин рӯзнома чоп шудааст. Дар он зимни боздошти Максим Боқиев, писари Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон дар Бритониё, ки ба қавли рӯзноманигор, ҳамчун як фишори сиёсӣ алайҳи Бишкек истифода шудааст, гуфта мешавад, ки қазияи Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, сарвари «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва аз афроди соҳибнуфузи ин кишвар низ чун фишори сиёсӣ алайҳи Душанбе истифода гардидаст.
XS
SM
MD
LG