Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки ҳафтаи оянда дар нахустин бозиҳои даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 ширкат мекунанд, рӯзи 25-уми феврал бозиҳои санҷишӣ анҷом доданд.

Дастаи “Равшан”, қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд тамрин мекунад, дар бозии санҷишӣ бар тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Нуъмонҷон Ҳакимов, ҳамлагари пуртаҷрибаи “Равшан”, дар дақиқаи 38-ум тӯбро бо сар вориди дарвоза карда, ҳисобро кушод. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 59-ум Абдусамад Ҳоҷибоев, бозигари нави “Равшан”, ҳисобро афзун намуд. Голи севуми кӯлобиҳоро ҳамлагар Индус Ҳусейнзода дар дақиқаи 80-ум ба ҳадаф расонд.

Имрӯз, 26-уми феврал, дастаи «Равшан» бо роҳбарии сармураббӣ Маъруф Рустамов дар Қайроққум боз як бозии санҷишӣ мекунад. Рақиби “Равшан” ин дафъа дастаи «Ӯротеппа» (собиқ «Далерон») мебошад. Дарвоқеъ, бошгоҳи “Ӯротеппа” мақсад дорад, ки имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бозӣ кунад.

Нахустин бозии дастаи “Равшан” дар мусобиқаи интихобии Ҷоми AFC-2013 дар гурӯҳи “D” бо тими “Ал-Рамза”, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Урдун, 6-уми март (рӯзи чоршанбе, соати 15) дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», баргузор мешавад.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар Белеки Туркия дар бозии севуми санҷишӣ аз тими «Арсенал» -и Киев, ки дар премйер-лигаи Украина бозӣ мекунад, бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Голи ягонаро дар дақиқаи 10-ум Леван Гулордава, легионери гурҷӣ, ба самар расонд. “Регар-ТадАЗ” дар Туркия боз як бозии санҷишӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки “Регар-ТадАЗ” дар ду бозии пешини санҷишӣ дар Туркия аз тими лигаи аввали Қазоқистон - «Оқжетпес»-и Кокшетау бо ҳисоби 1:2 ва аз тими дивизиони аввали Сербия - «Младеноватс» бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд.

Ба иттилои Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ”, футболбозони шаҳри Турсунзода дар Туркия ба Ҷоми AFC-2013 то 2-юми март омодагӣ мебинанд. Баъдан рӯзи 3-юми март даста барои ширкат дар нахустин бозии мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC бо тими «Сафо»-и Бейрут ба Лубнон сафар хоҳад кард. Ин бозии гурӯҳи “А”рӯзи 5-уми март баргузор мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG