Пайвандҳои дастрасӣ

86% ангишти корхонаи «Фон Яғноб»-ро ТАЛКО харидааст


Дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 26 феврал ба радиои «Озодӣ» гуфт, дар ду моҳи соли равон дар кишвар ҳудуди 25 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,5 маротиба бештар аст. Истеҳсоли бахши аъзами ангишти кишвар ба корхонаи «Фон Яғноб» рост меояд. Дар ду моҳи соли ҷорӣ ин корхона 18 ҳазор тонна ангишт истеҳсол кардааст. Ба гуфти манбаъ, корхонаи «Фон Яғноб» то 20 феврали соли равон ба ширкатҳои дохилӣ 17 ҳазор тонна ангишт фурӯхт, ки 86 фоизи онро ширкати ТАЛКО харидорӣ кардааст. Дар ҳоли ҳозир маҷмӯи захираи ангишти корхонаи «Фон Яғноб» 1,5 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG