Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамот мушкилоти муҳоҷиратро шарҳ медиҳад


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз раванди ихроҷи шаҳрвандони кишвар ва қонуншиканиҳои ширкатҳои дохилӣ ва хориҷие, ки ба интиқоли муҳоҷирон машғуланд, нигарон мебошад.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи ин ниҳод рӯзи 26-уми феврал ба Озодӣ гуфт, ки бо назардошти қонуншканиҳои ширкатҳои ватанӣ ва хориҷие, ки ба фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия машғуланд ва боиси сарсониву оворагӣ ва ихроҷи шаҳрвандон аз он кишвар шудааст, Хадамоти муҳоҷират зарур донист, ки аз тариқи васоити ахбори омма дар як нишасти матуботӣ бо ҷалби хабарнигорони дохиливу хориҷӣ масъалаҳои мазкурро равшанӣ бахшад. Хадамоти муҳоҷират ҳафтаи гузашта дар як изҳороти худ феҳрасти 32 ширкатеро, ки литсензияи ин хадамотро дар даст доранд ва ба интиқоли муҳоҷирони корӣ машғулан, расман пешниҳод кард.

Хадамот дар ин изҳороти худ аз ҳамаи шаҳрвандоне, ки қасди муҳоҷирати корӣ доранд ва фаъолияти онҳо таҳти назорати Хадамот мебошад, тақозо намуда буд, ки тариқи ҳамин ширкатҳо ба Русия сафар кунанд.

Абдулло Қодирӣ гуфт, ки шикояти сокинони Тоҷикистон дар нисбати ширкатҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷирон дар чанд моҳи охир ба маротиб афзудааст. Вай афзуд, ки масъулини Хадамоти муҳоҷират бо назардошти пеш омадани чунин вазъияти нигаронкунанда, маҷбур шудаанд, ки рӯзи чаҳоршанбеи 27-уми феврал нишасти вижаи матуботӣ баргузор кунанд ва вазъи пешомадаро шарҳ диҳанд.
XS
SM
MD
LG