Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар як бозори сӯфиён дар ҷануби Покистон


Пулиси Покистон гуфт, бар асари таркиш дар як мазори сӯфиён дар вилояти ҷанубии Синд 2 тан куштаву дастикам 10 нафар захмӣ шуданд. Бомб дирӯз дар мазори Шоҳ Лакҳӣ Ғулом дар шаҳри Шикорпур замоне таркид, ки пайравони ин пири тасаввуф ба хотири бузургдошти ӯ гирди ҳам омада буданд. Касе ҳанӯз масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Ин дувумин ҳамла алайҳи аҳли тасаввуф дар Синд дар чанд рӯзи охир аст. Ҳафтаи гузашта набераи як сӯфии маъруф низ дар таркиши бомбе, ки зоҳиран бобояшро ба ҳадаф дошт, кушта шуд.
XS
SM
MD
LG