Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳованнисиён натиҷаи интихоботро напазируфт


Ҳованнисиён бо ҷамъи тарафдоронаш дар тазоҳуроти рӯзи 23 феврал дар Аштарак
Ҳованнисиён бо ҷамъи тарафдоронаш дар тазоҳуроти рӯзи 23 феврал дар Аштарак
Вазири собиқи хориҷаи Арманистон Раффӣ Ҳованнисиён натоиҷи расмии интихоботи раёсати ин ҷумҳуриро радд кард. Куммиссиюни марказӣ рӯзи душанбе раисиҷумҳури феълӣ Серж Саркисиёнро бо 58,6 дарсад барандаи раъйгирии рӯзи 18 феврал эълон кард. Ҳованнисиён, ки бо зери 37 фоиз ҷои дувумро гирифт, гуфт, тарафдоронаш дар поёни ҳафта дар Ереван эътирозҳои густарда даъват хоҳанд кард. Онҳо рӯзҳои 22,23 ва 24 феврал чунин эътирозҳо барпо карданд.
XS
SM
MD
LG