Пайвандҳои дастрасӣ

Муфтӣ: Баъди ҷанг 150 000 нафар аз Ислом баргашт


Саидмукаррам Абдулқодирзода

Саидмукаррам Абдулқодирзода

Баъд аз ҷанги дохилии Тоҷикистон қариб 150 000 сокини ин кишвар аз дини Ислом баргаштаанд. Бино ба гузориши "Азия Плюс", ин оморро раиси Шӯрои уламои кишвар Саидмукаррам Абдулқодирзода дар як семинар бо имом-хатибони минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон эълон кард. Ӯ гуфт, табдили дин ба чунин сурати дастаҷамъӣ ҳатто дар даврони Шӯравӣ мушоҳида нашуда буд. Саидмукаррам Абдулқодирзода аз имом-хатибон даъват кард, аз такрори чунин ҳаводис ҷилавгирӣ кунанд. Муовини раиси вилояти Хатлон Ситора Шерова дар ин нишаст аз зуҳури ҷунбишҳои тундрави мазҳабӣ дар вилоят изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, беамалии бархе имомҳо боис шуд, ки афроди тасодуфӣ минбари масҷидҳоро ба василаи таблиғи ақидаи худ табдил диҳанд. Беш аз 90 дарсади аз 8 миллион ҷамъияти Тоҷикистонро мусалмонон ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG