Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 187 кило ҳероин дар канори Маскав


Мақомоти Русия дар базаи меваву сабзавоти “Вегета”, воқеъ дар ноҳияи Долгопруднаяи вилояти Маскав аз дохили халтаҳои шалғам 187 кило ҳероин гирифтаанд. Боздошти ин миқдори бузурги маводи мухаддир шаби 21 ба 22 феврал аз ҷониби маъмурони Хадамоти зидди маводи мухаддири Русия сурат гирифтааст. Дар иртикоби ин қазия ду нафар, аз ҷумла як сокини узбактабори Тоҷикистон, ки шаҳрвандии се кишварро доштааст, боздошт шудаанд. Ин бузургтарин мавриди кашфу мусодираи ҳероин дар Русия дар соли ҷорист.
XS
SM
MD
LG