Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздидҳои хориҷии Ҷон Керрӣ бо Британия оғоз ёфт


Ҷон Керрӣ ва Дэвид Камерон

Ҷон Керрӣ ва Дэвид Камерон

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико нахустин боздиди худ аз кишварҳои хориҷиро бо мулоқот бо Дэвид Камерон-нахуствазири Британия дар Лондон оғоз кард. Ҳар ду ҷониб дурнамои қарордоди тиҷорати озоди миёни Иттиҳодияи Аврупову Амрико ва дурнамои сулҳи Ховари Миёнаро баррасӣ карданд.

Сухангӯи нахуствазири Британия гуфт, Камерон ва Ҷон Керрӣ таъкид карданд, ки Эронро аз густариши барномаҳои ҳастаиаш боздоранд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи сешанбе қудратҳои ҷаҳонӣ дар Қазоқистон бо Эрон масъалаи барномаҳои ҳастаии онро баррасӣ мекунанд.

Ҷон Керрӣ баъд аз Британия боздид худро аз Олмон идома медиҳад ва дар он ҷо бо Ангела Меркел-нахуствазир ва Гуйдо Вестервелле-вазири корҳои хориҷа мулоқот мекунад.

Дар ҷараёни силсилабоздидҳои худ Ҷон Керрӣ аз 9 кишвари Аврупоӣ ва Ховари Миёна боздид хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG