Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО иддаои Ҳомид Карзайро такзиб кард


Генерал Гунтер Катз-сухангӯи нируҳои НАТО дар Афғонистон мегӯяд, нишонае аз иддао дар бораи бадрафтории нируҳои вижаи Амрико дар вилояти Вардаки Афғонистон ба даст наомадааст.

Як рӯз пеш Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дастур дод, ки ҳамаи нируҳои вижаи Амрико дар зарфи 14 рӯз аз вилояти Вардак хориҷ шаванд.

Аймал Файзӣ-сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ин тасмим рӯзи якшанбе дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Миллии Афғонистон гирифта шудааст:

“Ҷаласаи Шӯрои Миллӣ ва вазорати дифоъ вазифа супурда, то қуввои хоси Амрикоро дар зафи ду ҳафта аз марбутоти майдони ҳавоии Вардак хориҷ намояд”.

Оқои Файзӣ меафзояд, вақтҳои охир баъзе нируҳо ба хонаҳои мардум мераванд ва худро нируҳои вижаи Амрико муаррифӣ мекунанд ва ба ин баҳона ба азияту озори мардум машғул мешаванд.

Дар робита бо ин масъала ба нируҳои мусаллаҳи Афғонистон дастур дода шудааст, ки аз фаъолияти чунин нируҳо пешгирӣ кунанд ва онҳоро ба нируҳои интизомӣ супоранд.
XS
SM
MD
LG