Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Серж Саркисён расман барандаи интихобот эълон шуд


Серж Саркисён бо хонумаш Рита
Серж Саркисён бо хонумаш Рита
Кумиссиюни марказии интихоботии Арманистон натиҷаҳои расмии интихоботи раёсати ҷумҳуриро эълон кард. Ин интихобот 18 феврал баргузор шуд.

Бино ба натиҷаҳои расмӣ, Серж Саркисён-раиси ҷумҳури кунунӣ 58,6 ва Раффӣ Ҳованнисён 36,6 дарсад рай гирифтаанд.

Ҳованнисён-раиси ҳизби мухолифин бо номи “Мерос” ба ин натиҷаҳо вокуниши манфӣ нишон дод ва худро раиси ҷумҳури мунтахаби Арманистон медонад.

Имрӯз дар назди бинои кумиссиюни марказии интихоботии Арманистон дар Ереван ҷонибдорони Ҳованнисён бар зидди натиҷаҳои расмии интихобот тазоҳуроти эътирозӣ баргузор карданд.

Раффӣ Ҳованнисён-вазири пешини корҳои хориҷӣ, қабл аз эълони натиҷаҳои интихобот гуфта буд, ки баъди эълони натиҷаҳо нишасти хабарӣ баргузор мекунад. Вай ҳамчунин рӯзи якшанбе ба рӯзноманигорон гуфт, ки ба нақша гирифтааст, то дар давоми ҳафтаи ҷорӣ аз 21 шаҳри Арманистон боздид ва рӯзи панҷшанбе як тазоҳуроти дигар дар Ереван созмон диҳад.
XS
SM
MD
LG