Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пули рӯйи рӯдхонаи Панҷ ва мошини "Ёрии таъҷилӣ"-е, ки Тоҷикистон ба мардуми ноҳияи Хоҳони Афғонистон ҳадя кард, ба наҷотбахши беморону ниёзманди афғон табдил ёфт.

Аммо азбаски ҳанӯз сохтмони пул ба поён нарасидааст, беморонро то сарзамини Тоҷикистон бо заврақ меоранд ва сипас "Ёрии таъҷилӣ" онҳоро ба бемористони Шӯрообод интиқол медиҳад.

Агар чанде пеш ба ин мошини тиббӣ зиёдтар аз ҳама бемордорон бо умед менигаристанд, акнун волидоне, ки бояд баччаҳояшон хатна шаванд, беш аз дигарон ба ҳастии он сипос мегузоранд.

Ахиран, бо баргузории як маросими хатнасур пизишкони тоҷик беш аз 50 кӯдаки афғонро дар ноҳияи Шӯрообод хатна карданд. Ин маросим дар марзи Афғонистону Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Шӯрообод аз ҷониби се пизишки маҳаллӣ анҷом ёфт.


Мансур Холматов, ҷарроҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, то ин дам сокинони мазеъи Хоҳони Афғонистон хатнаро бо усули кӯҳнаи мардумӣ анҷом медоданд, ки дар аксар маврид аз нигоҳи тиббӣ хатар дошт ва ҳатто метавонист, сабаби бемориҳои ҷиддӣ гардад. Хатна бо усули муосир ва бо истифода аз дорувории рафъи дард ба меҳмонони Тоҷикистон хуш омад.

Ҷарроҳ Холматов мегӯяд: «Мо тибқи қарордоди байниҳукуматӣ ва бо ризоияти роҳбарони ду тараф кӯдаконро хатна кардем. Онҳо хеле хурсанд шуданд, вақте диданд, ки мо бо роҳи бедардкунӣ ин корро зуд анҷом медиҳем ва ҳатто барои бистари шудани кӯдак ҳам зарурат намемонад. Хеле хоҳиш карданд, ки боз ин амалро давом диҳем. Агар боз ҳукуматҳои ду тараф розӣ шуда, иҷозат диҳанд, мо рафта хизмат мекунем.»

Амирхон Икромов, раиси ноҳияи Шӯрообод, мегӯяд, барои кӯмаки тиббӣ расонидан ба эҳтиёҷмандони давлати ҳамсоя аз президенти кишвар супориш гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳатто ба сокинони улусволии Хоҳон ҳамчун кӯмаки башардӯстона як мошини ёрии таъҷилӣ ҳадя кардааст, ки шабонарӯз дар марз барои хидмат ба корафтодагон омода ҳаст. Давоми ду соли ахир даҳҳо бемори улусволии Хоҳони Афғонистон дар Шӯрообод муолиҷа гирифтаанд.

Роҳи сокинони ин минтақаи Афғонистон ба Кобул ва дигар шаҳрҳои ободтари Афғонистон ноҳамвору душворгузар дорад. Барои онҳо Шӯроободи Тоҷикистон наздиктарин маркази тиббист. Барои овардани як бемор аз марзи миёни Афғонистону Тоҷикистон, яъне аз соҳили рӯдхонаи Панҷ то маркази Шӯрообод камтар аз як соат вақт лозим аст.

Абдулбошир Қурбонов, пизишки беморхонаи ёрии таъҷилии ноҳияи Шӯрообод, мегӯяд, бештари беморони интиқолёфта занон буданд, ки ҳангоми ворид шудан ба ноҳия ҳолати саломатиашон вазнин буд. Инчунин, аз миёни занон ду кӯдак ва як ҷавон, ки аз тир ҷароҳат бардошта буданд, дар Шӯрообод сиҳат ёфта, дубора ба зодгоҳи худ баргаштаанд.

Ӯ гуфт: «Онҳо бисёр миннатдоранд. То Кобулу марказҳои ободтар роҳ надоранд, барои онҳо наздиктарин ҷой Шӯрообод аст. То кушода шудани ин роҳ аз ҷиҳати бемордорӣ ҳоли нохуб доштаанд ва ҳоло бисёр минтадоранд, ки барояшон иҷозаи овардани беморонашонро додаанд».

Созишномаи овардани беморон аз Афғонистон дар ҳоле баста шуд, ки соли гузашта Бунёди Оғохон дар мавзеи Шоҳони Шӯрообод сохтмони як пул бар фарози рӯдхонаи Панҷ миёни ду кишварро оғоз кард.

Шоҳвалӣ валади Мирзохон, як сокини улусволии Хоҳон, ки бо ӯ мо ҳангоми муолиҷаи як наздикаш дар беморхонаи Шӯрообод вохӯрдем, мегӯяд, вазъи хидматрасонии тиббӣ дар деҳоти наздимарзӣ хеле бад аст ва то кунун садҳо ҳолате сабт шудааст, ки аз нарасидани пизишкон сокинон ҷони худро аз даст додаанд: «Ин амбулонс (мошини ёрии таъҷилӣ), ки раисҷумҳури шумо ба мо додааст, хидмати зиёд кард ва умедворем, ки дар оянда низ хоҳад кард. Мардуми мо ниёз ба кӯмаки аввалияи тиббӣ дорад, ки танҳо бо ин роҳ имконпазир аст. Ҷони инсонҳоро аз марг раҳонидан савобияти хеле баланд дорад, ки инро барои мо бародарони тоҷик арзонӣ доштаанд».

Соли гузашта Бунёди Оғохон дар мавзеи Шоҳони Шӯрообод сохтмони як пул бар фарози рӯдхонаи Панҷро оғоз кард.

Соли гузашта Бунёди Оғохон дар мавзеи Шоҳони Шӯрообод сохтмони як пул бар фарози рӯдхонаи Панҷро оғоз кард.

Овардани беморони улусволии Хоҳони Афғонистон ба Шӯроободи Тоҷикистон дар ҳоле имконпазир шуд, ки ҳукумати Олмон ба Хазинаи Оғохон ҳамчун иҷрокунандаи тарҳи бунёди пули 162-метра дар ин мавзеъ беш аз 3 миллион доллар ҷудо кард.

То пурра ба анҷом расидани сохтмони ин пул, яъне то моҳи ноябр беморон аз улусволии Хоҳони Афғонистон тариқи амаду заврақҳо ва як мошини ёрии таъҷилӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тӯҳфа шудааст, ба беморхонаҳои Шӯрообод оварда хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG