Пайвандҳои дастрасӣ

Кабирӣ хостори тағири муносибати Русия бо ислом шуд


Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ-раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон гуфтааст, Русия бояд аз меъёрҳои кӯҳна даст кашад ва дар бораи муносибаташ бо гурӯҳҳои исломӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз таҷдиди назар кунад.

Вай ин нуктаро рӯзи душанбе дар мулоқоти бунёди иҷтимоии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар шаҳри Душанбе изҳор дошт.

Ба гуфтаи вай, ҳоло марҳилае фаро расидааст, ки гузашта танҳо моли таърих эътироф шавад, ҳамаи ҷанбаҳои манфӣ дар муносиботро ба фаромӯшӣ супоранд ва дар муносибот бо гурӯҳҳои исломӣ сафҳаи нав боз кунанд. Аз ин роҳ мешавад муносиботи дӯстона барқарор кард.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар қаламрави Шӯравии пешин танҳо ҳизби ислмомист, ки ба таври расмӣ фаъолият мекунад ва дар порламон намоянда дорад.
XS
SM
MD
LG