Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай нируҳои вижаи Амрикоро аз вилоятҳо меронад


Ҳомид Карзай

Ҳомид Карзай

Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон ба вазири дифои кишвари худ машаврат дод, ки дар ду ҳафтаи оянда нируҳои вижаи Амрикоро аз вилояти Вардак берун бибаранд. Аймал Файзӣ-сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ин тасмим рӯзи якшанбе дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Миллии Афғонистон гирифта шудааст:

“Ҷаласаи Шӯрои Миллӣ ва вазорати дифоъ вазифа супурда, то қуввои хоси Амрикоро дар зафи ду ҳафта аз марбутоти майдони ҳавоии Вардак хориҷ намояд”.

Оқои Файзӣ меафзояд, вақтҳои охир баъзе нируҳо ба хонаҳои мардум мераванд ва худро нируҳои вижаи Амрико муаррифӣ мекунанд ва ба ин баҳона ба азияту озори мардум машғул мешаванд.

Дар робита бо ин масъала ба нируҳои мусаллаҳи Афғонистон дастур дода шудааст, ки аз фаъолияти чунин нируҳо пешгирӣ кунанд ва онҳоро ба нируҳои интизомӣ супоранд.
XS
SM
MD
LG