Пайвандҳои дастрасӣ

Муаллим: Димишқ ба музокира бо мухолифон омода аст


Валид Муаллим бо Сергей Лавров дар Маскав

Валид Муаллим бо Сергей Лавров дар Маскав

Валид Муаллим-вазири корҳои хориҷаи Сурия мегӯяд, Димишқ ҳозир аст бо мухолифони сисёсии худ ба музокира биншинад, мухолифоне, ки барои сарнагунии давлати Башор Асад тақрибан ду сол мубориза мебаранд.

Муаллим қабл аз мулоқоташ бо Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, ки тундравҳо аз 28 кишвар, аз ҷумла аз ҷумҳуриҳои мухтори Қафқози Шимолӣ як ҷо бо мухолифони Сурия меҷанганд.

Дар нишасти хабарие, ки баъд аз мулоқот бо Муаллим баргузор шуд, Сергей Лавров таъкид кард, ки Маскав аз ҳали сисёсии муноқиша ҳимоят мекунад. Вай ҳамчунин ҳушдор дод, ки идомаи хунрезиҳо метавонад бо шикасти Сурия хотима ёбад. Русия ҳамчунин аз Муоз Хатиб-эътилофи аслии мухолифон хост, ки барои музокира аз Маскав боздид кунад.
XS
SM
MD
LG