Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Қирғизистон бунёди роҳҳоро баррасӣ мекунанд


Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзҳои 26-28 феврали соли равон як ҳайати Қирғизистон бо роҳбарии муовини вазири нақлиёт ва алоқаи ин кишвар Келдибек Ибраев ба Тоҷикистон меояд. Зимни сафар лоиҳаи байнидавлатӣ оид ба роҳҳои байналмилалӣ ва дигар масоили марбут ба ҳамкории нақлиётии ҳарду кишвар баррасӣ мегардад. Интизор меравад, масоили марбут ба сохтмони роҳҳои оҳан ва мошингарди дорои аҳамияти минтақавӣ, аз ҷумла пайвастани роҳи мошингарди «Ӯш-Боткент-Исфара» ба роҳи мошингарди Хуҷанд дар сархати мавзӯъҳои гуфтугӯи ҷонибҳо қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG