Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WEF: Эҳтимоли рух додани дефолт дар Тоҷикистон зиёд аст


Тоҷикистон дар раддабандии кредитӣ миёни 144 давлат ҷои 134-умро касб карда, дар қатори 10 давлате қарор гирифтааст, ки эҳтимоли рух додани дефолт дар он зиёд аст.

Ин раддабандиро таҳлилгарони Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ - World Economic Forum дар доираи гузориши «Индекси рақобатпазирии иқтисодҳои ҷаҳон - 2012» таҳия кардаанд.

Таҳлилгарони ин форум вазъи молии ҳар кишварро аз 0 то 100 хол баҳогузорӣ кардаанд. Дар кишварҳое, ки дар ин баҳодиҳӣ аз 50 камтар хол касб кардаанд, эҳтимоли рух додани дефолт ё варшикастагии молиявӣ зиёд ва баръакс, дар давлатҳое, ки аз 50 бештар хол гирифтаанд, имкони сар задани дефолт ночиз аст.

Тоҷикистон дар ин индекс ҳамагӣ 17,9 хол касб кардааст ва мавқеи Тоҷикистон дар ин раддабандӣ аз кулли кишварҳои пасошӯравӣ поёнтар аст. Дар ҳоле ки Қирғизистон дар ҷои 115-ум ва Қазоқистон дар мақоми 57-ум қарор доранд.

Бояд гуфт, барои нахустин бор мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии кредитӣ ё қарздиҳии кишварҳои дунё аз ҷониби созмонҳои бонуфуз муайян карда мешавад.

Созмонҳои маъруфи арзёбикунандаи вазъи молӣ ва пардохтпазирии кишварҳои олам, мисли Standard & Poor's ва Fitch то ҳол дар ягон феҳристу раддабандӣ аз Тоҷикистон ном набурдаанд.

Исмоил Талбаков - вакили парлумони Тоҷикистон
Исмоил Талбаков - вакили парлумони Тоҷикистон
Аммо Исмоил Талбаков, узви кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон, мегӯяд, ки ин раддабандиҳо аз сӯи созмонҳои байналмиллалӣ мунсифона анҷом дода намешавад ва бинобар ин, баҳодиҳии онҳо бозгӯи вазъи воқеии кишвари мо нест: «ин рейтингҳое, ки тартиб дода мешавад, ба ғайр аз ҳангома чизе беш нест. Сатҳи қарзи давлатии бузугтарин давлатҳои дунё, ба мисли Амрико ва чандеи дигар, аз мо дида чандин маротиба бештар аст. Аммо боз ҳам вазъи ин кишварҳо бӯҳронӣ арзёбӣ намешавад?! Он кишварҳо ва созмонҳои баналмилалии молие, ки ба Тоҷикистон қарз медиҳанд, аблаҳ нестанд. Онҳо аввал меомӯзанд, ки оё Тоҷикистон қарзи онҳоро баргардонда метавонад ё не, баъд ба мо қарз медиҳанд».

Исмоил Талбаков афзуд, сатҳи қарзи давлатии Тоҷикистон каме беш аз сӣ дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил мекунад, ки ин дар шароити иқтисоди бозорӣ як раванди маъмулист.

Дар ҳамин ҳол, Сиёвуш Қосимзода, коршиноси иқтисодӣ, мегӯяд, бо назардошти хеле ночиз будани ҳаҷми тавлидот дар кишвар сатҳи қарзи давлатӣ хеле боло аст ва нигаронии созмонҳои байналмилалӣ дар мавриди ба варшикастагии молиявӣ наздик шудани Тоҷикистон бесабаб нест: «қарзи давлати Тоҷикистон соли 2010 ба як миллиард доллар баробар буд. Ҳоло ин рақам аз ду миллиард бештар аст. Яъне, ҳаҷми қарзҳои кишвар бо суръати тез афзун мешавад. Бинобар ин, ҳушдорҳои созмонҳои байналмилалиро набояд нодида гирифт».

Сиёвуш Қосимзода - коршиноси иқтисодӣ
Сиёвуш Қосимзода - коршиноси иқтисодӣ
Сиёвуш Қосимзода афзуд, ки бузургтарин кишвари қарздиҳандаи Тоҷикистон Чин аст ва дар сурати саривақт напардохтани қарз эҳтимол дорад, ин кишвар талаби дастёбӣ ба захираҳои зеризаминӣ ва ҳатто қаламрави кишвар кунад.

Бояд зикр кард, ки Ҷонатан Данн, намояндаи Сандуқи байналмилалии асъор, низ миёнаҳои моҳи ноябри соли гузашта зимни сафари худ ба Тоҷикистон аз эҳтимоли сар задани бӯҳрони қарзӣ дар кишвар ҳушдор дода буд.

Дар ҳоли ҳозир қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,3 миллиард доллари амрикоӣ ё 33 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил мекунад.
XS
SM
MD
LG