Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай хостори тафтиши эъдоми афғонҳо дар Эрон шуд


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, аз вазорати умури хориҷии кишвар хост, ки мавзӯи эъдоми афғонҳо дар Эрони ҳамсояро аз роҳҳои дипломатӣ тафтиш кунад. Дар ин бора Аймал Файзӣ, сухангӯи раисиҷумҳур, ба Радиои Афғонистони Озод хабар дод.

Рӯзи шанбе дар вилояти Тахор садҳо нафар дар маросими ҷанозаи даҳ марде ширкат карданд, ки дар Эрони ҳамсоя бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ҳалқовез шуданд.Ҷамъомадагон дар волусволии Халифагон алайҳи ин қатл эътироз карданд ва аз ҳукумати Афғонистон ва Созмони Милали Муттаҳид хостанд, ки аз куштори афғонҳо дар Эрон ҷилавгирӣ намоянд. Сокинони ин минтақа мегӯянд, ки тайи шаш моҳи ахир онҳо 80 нафари дар Эрон эъдомшударо ба хок супурданд.

Рӯзи якшанбе Муҳаммадмӯсо Маҳмудӣ , раиси иҷроияи Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон, бо ишора ба қатли даҳ зиндонии афғон дар Эрон аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ хост, ки ба ин масъала расидагӣ кунад.

Созмони Афви Байналмилал ё Amnesty International ҳам гуфтааст, ки зиндониёни афғон аксар вақт бидуни доштани вакили дифоъ ва муҳокимаи одилона дар Эрон ба қатл маҳкум мешаванд. Ин созмон аз ҳукумати Эрон хостааст, ки аз чунин амал даст бардорад.
XS
SM
MD
LG