Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои санҷишии дастаҳои Лигаи олӣ


Бозиҳои санҷишии бошгоҳҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагии дастаҳо ба мавсими нави футбол баргузор шуданд.

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ки дар Қайроққум ба мусобиқаи интихобии Ҷоми AFC-2013 омодагӣ мебинад, 23-юми феврал бозии санҷиширо бо ҳайати ҷавонони тими “Актобе”-и Қазоқистон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Голи «Равшан»-ро Нуъмонҷон Ҳакимов ба ҳадаф расонд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин бозии дастаи “Равшан”, қаҳрамони Тоҷикистон, дар мусобиқаи интихобии Ҷоми AFC-2013 дар гурӯҳи “D” бо тими “Ал-Рамза”, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Урдун, 6-уми март (рӯзи чоршанбе, соати 15) дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», баргузор мешавад.

Рӯзи 25-уми феврал “Равшан” дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо дастаи «Хуҷанд» бозии санҷишӣ мекунад.

Бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар шаҳри Қайроққум боз як бозии санҷишӣ анҷом дод. Ин дафъа “Истиқлол” бар дастаи «Уротеппа» (собиқ «Далерон»)-и Истаравшан, қаҳрамони вилояти Суғд, бо ҳисоби бузурги 6:1 ғолиб омад.

Дилшод Восиев ва Иброҳим Рабимов дуголӣ, Наим Улмасов ва Юдҷин Сепуйя, ҳамлагари мунтахаби Уганда, якголӣ заданд. Дар дақиқаи 73-юм Ҷаҳонгир Ҷалилов тӯбро ба дарвозаи дастааш зад.

Рӯзи 26-уми феврал «Истиқлол» бо ҳайати ҷавонони “Жетису”-и Қазоқистон дар Қайроққум бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Боз як бозии санҷишӣ миёни дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон - “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ , ғолиби мусобиқаи порсолаи лигаи якуми Тоҷикистон, баргузор шуд. Ин бозӣ бо пирӯзии дастаи мизбон - “Вахш»” бо ҳисоби 4:3 хотима ёфт. Голҳои «Вахш»-ро Суннатулло Холов, Хуршед Бекназаров, Фирдавс Файзуллоев ва Нуриддин Ҳамроқулов заданд.
XS
SM
MD
LG